БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР МАҲАЛ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирӣ аз бемории коронавирус  миёни аҳолӣ вусъат бахшида, ҳамарӯза ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба пешгирии ин беморӣ ва ниқобҳои тиббию маводҳои антисептикиро  дастрас намуда истодаанд.

Ҳамзамон, вобаста ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, бахусус дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти  истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳро пурзӯр намуда,  сокинонро таъкид карда истодаанд, ки ҳар порча заминро самаранок истифода намоянд, то ин ки ҳосили фаровон ба даст оранд.

Сокинон дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода карда, дар як сол 2 ҳосил ба даст оварда истодаанд. Зимни вохӯрӣ ҷамъомадагон  қайд намуданд, ки истифодаи самараноки замин манфиатовар буда, барои ғанӣ гардонидани буҷаи оила таъсири мусбат мерасонад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg