БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо дар назардошти қисман ба фаъолият оғоз намудани марказҳои савдо, мағозаву нуқтаҳои фурӯш дар кишвар мубориза ва корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба коронавирус дар ин мавзеъҳо ҷоннок кардан лозим омад. Бо ин мақсад дар доираи татбиқи чорабиниҳо оид ба муқовимат бо коронавирус дар шаҳри Бохтар кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ, кормандони ШВКД ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар бозори “Фаровон Қӯрғонтеппа” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Зимнан аз ҷониби масъулин ба шаҳрвандон ниқобҳои тиббӣ ва варақҳои иттилоотӣ, ки он зиёда аз 200 ададро ташкил медод, ба таври ройгон дастрас карда шуд. Аз ин иқдоми неки ҳизбиён сокинон руҳбаланд гардида, миннатдории хешро ба сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин лаҳзаҳои ҳассос баён доштанд. Лозим ба ёдоварист, ки Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин вирус мубориза бурда истодааст ва то ҳол шиддати сироятёбии он паст шуда бошад ҳам, вале ба пуррагӣ ин бемории хавфнок аз байн нарафтааст. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустиро риоя намуда, ба пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, худдорӣ аз саломкуниву оғӯшгирӣ ва ғайраро ҷиддӣ муносибат кунем ва дар мубориза ба ин беморӣ саҳм гузорем, таъкид доштанд дар суҳбат гурӯҳи таблиғотӣ.