БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, ШВКД ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар самти муқовимат бо коронавирус дар кӯчаҳои ба номи Бобоҷон Ғафуров, Норинов ва назди бозори “Фаровон Қӯрғонтеппа” Аксияи ҳизбӣ вобаста ба тақсимоти ниқобҳои яккаратаи тиббӣ доир карда шуд. Дар баргузории Аксияи мазкур аз ҷониби кормандони шуъбачаи БДА, ШВКД дар шаҳри Бохтар ва нозирони минтақавӣ зиёда аз 200 адад ниқобҳои тиббӣ ба таври ройгон ба шаҳрвандон дастрас карда шуд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ҳифзи саломатии мардум, огоҳ намудани аҳолӣ аз хатари коронавирус ва мустаҳкам кардани робитаи мардум бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ мебошад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар мубориза бо ин беморӣ бояд ягон нафар бетараф набошад, зеро, ки саломатии мо аз ҳар яки мо вобастагӣ дорад.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯз кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза ва муқовимат бо коронавирус бетараф набуда, дар баробари табибон бар зидди ин вабои аср муборизаи беамон бурда истодаанд.