БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИСОН АМАЛ НАМОЕД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо Шуъбаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар чорабиниҳои комиссияи муштараки таблиғотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва паҳншавии бемории коронавирус  дар кӯчаву маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бохтар  корҳои оммафаҳмонӣ баргузор гардида истодааст.  Ин навбат чунин чорабинии судманд дар кӯчаи Дӯстии халқҳо бо иштироки волонтёрон гузаронида шуда, зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сокинон 100 адад ниқобҳои тиббӣ – муҳофизатӣ ва  варақаҳои иттилоотӣ – тарғиботӣ дастрас карда шуданд. Волонтёрон, ки аксарашон муҳассилини Коллеҷҳои тиббии шаҳр мебошанд, ба сокинон доир ба қоидаҳои беҳдошти саломатӣ, роияи тозагии маҳали зист, роҳҳои гузариши бемории коронавирус ва дигар бемориҳои сироятиро фаҳмонда, таъкид карданд, ки ҳангоми  мушоҳидаи аломатҳои беморӣ дар худ, аз ҷумла ҳарорати баланд, сулфаи хушк, нафаскашии душвор, бемадорӣ, набояд ба худмуолиҷа даст зананд,  ҳатман аз рӯйи маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ амал карда, ба духтури оилавӣ  ва ё рақамҳои боварии ситоди шаҳрӣ муроҷиат намоянд  ва аз ҳама муҳим он аст, ки ба таҳлука наафтанд.

Ҳангоми суҳбат сокинон иброз доштанд, ки табибони минтақавӣ мунтазам дар минтақаи вобасташудаашон аз ҳолу аҳволи сокинон, махсусан беморону шахсони яккаву танҳо бохабар мегарданд. Сипас,  кормандони шуъбачаи БДА-и шаҳри Бохтар бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар назди хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо истифода аз баландгӯякҳо аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки ҳангоми аз хона берун баромадан ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ масофаи муайянро риоя намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg