БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои дахлдори шаҳри Бохтар, аз ҷумла бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, волонтёрон ва дигар шахсони масъул дар кӯчаи ба номи Борбад корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда шуд. Аъзои гурӯҳи таблиғотӣ бо чанд зергурӯҳҳо муттаҳид шуда, чорабинии ҳизбиро дар кӯчаҳо ва назди биноҳои баландоёшнаи истиқоматии шаҳр гузаронида, ба он сокиноне, ки дар кӯча бе ниқобҳои тиббӣ сайру гашт карда истода буданд, ниқобҳои тиббӣ дастрас карда, хотирнишон намуданд, ки тибқи Қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус пӯшидани ниқобҳои тиббӣ дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ дар кишвар ҳатмӣ мебошад.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Файзализода Маҳмадсодиқ ба сокинон дар бораи коронавирус, роҳҳои сироятёбӣ аз ин беморӣ ва пешгирӣ аз сироятшавӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, истифодаи мунтазами маҳлулҳои антисептикӣ, тамизкорӣ намудани хона ва муҳити зист бо маҳлулҳои хлордор маълумот дода, иброз дошт, ки то ҳол ҷаҳон бо ин бемории даҳшатзо мубориза бурда истодааст.
Дар идома дар маҳалаи Борбад аз ҷониби аъзои гурӯҳ ба сокинон зиёда аз 100 адад ниқобҳои тиббӣ дастрас карда шуд.