БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИИ ҲАР ШАХС АЗ ХУДИ Ӯ ВОБАСТА АСТ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  фаъолияти худро дар самти кор бо  ҷавонон идома бахшида, аз якчанд заминҳои  наздиҳавлигӣ дидан намуданд.

Дар ҳақиқат ҳастанд оилаҳое, ки рӯзҳои таътилро  дар хона беҳуда нагузаронида баҳри беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии оилаи худ дар кишти маҳсулоти кишоварзӣ саҳми босазо гузошта истодаанд. 

Зимни суҳбат  ҷавононе, ки алҳол дар хона таътили пеш аз муҳлатро паси сар карда истодаанд,  иброз доштанд, ки субҳи барвақт аз хоб хестан ҳавои форами пагоҳӣ  ин рӯҳияи  шахсро болида гардонида,  дар як навбат ба  ҷисм нерӯву  тавоноӣ мебахшад. Инчунин, субҳи барвақт кор кардан дар замин ин ҳам ба саломатӣ, ки як намуди варзиш барои ҳар як шахс ба шумор  меравад,  бисёр манфиатовар мебошад.

Масъулини ҳизб  оид ба бемории сироятии короновирус КОВИД-19  суҳбат  доир намуда, ба онҳо ниқоби муҳофизатӣ дастрас  карда, таъкид сохтанд, ки   хатари  ин вирусро ҷиддӣ бигиранд  ва ба гуфтаи мутахассисон амал намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg