
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо мақсади мусоидат намудан ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ташкилоти ибтидоии «Ҷавонон» дар атрофи бинои маъмурӣ ба корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъати тоза дода шуда, бехи гулу гулбуттаҳо аз алафҳои бегона поккорӣ шуданд.
Воқеан, табиати нотакрор ва ҳавои тозаи кӯҳистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар фасли гармо беҳтарин мавзеъ барои истироҳати тобистонаи сокинон буда, руҳу илҳоми инсонро садои шаршараҳои худододи табиӣ, кӯҳу камар ва нағмасароии парандаҳои хушхону нодир ва дигар ҷонварон аз олами вухуш хеле болида месозад. Дар ростои Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сокинони ин гӯшаи дурдасти Ватан ба корҳои ободонию созандагӣ камари ҳиммат баста, барои боз ҳам зеботар кардани деҳаву маҳаллаҳои худ пайваста кӯшиш менамоянд ва ҳамаи ин пешравиҳоро ба сиёсати дурусту воқеъбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам медонанд.Чунин иқдомҳои созандаи ҳизбиён дар ҳудуди ноҳия вусъати тоза гирифта, мардум аз рӯи эҳтиёткорӣ ва паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус ба корҳои созандагию ободкорӣ ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ машғуланд.