БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЙЗУ БАРАКАТИ ДАСТАРХОНИ МАРДУМ АЗ ЗАҲМАТИ МАРДИ ДЕҲҚОН АСТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади самаранок истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон бармеояд,  ба кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Сайёди Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул  Турдиев вохӯрӣ гузарониданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Давлатҷон Ғаффорзода зимни вохӯрӣ дастуру супоришҳои Пешвои миллатро оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва аз ҳар як замин гирифтани се-чор ҳосилро ёдрас шуда, иброз дошт, ки таъкиди Пешвои миллат кишоварзону саҳмдорон вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд масъулияти зиёдтар дошта бошанд ва барои таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ саҳми бештар гузоранд. Хоҷагии деҳқонии “Фирдавс” дар 3 гектар гандум корида, ҳосили фаровон гирифтанд. Дар 1,5 гектари он кишти такрории шолиро  гузарониданд.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg