ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии сироятёбӣ аз коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Дарқад бо усули «хона ба хона» чорабинии ҳизбӣ доир намуданд.
Зимнан масъулин ба сокинон маводҳои таблиғотӣ, маводҳои безараргардонӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ оид ба пешгирии бемории COVID-19 ва дагар бемориҳои сироятиро дастрас карда, сипас доир ба дуруст ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ тавсияҳои судманд доданд.