ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ “Навшод” ва “Ғайрат” ҷиҳати расонидани маълумот ба шаҳрвандон оид ба дуруст истифода бурдани ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ, беасос ва безарурат набаромадан аз хона аз ҷониби аъзои гурӯҳи тарғиботӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Бо вуҷуди он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин беморӣ рӯ ба коҳиш оварда истода бошад ҳам, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки ба беаҳмиятӣ роҳ надиҳанд ва қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя созанд.
Инчунин, дар идомаи чорабинӣ ба сокинон Муроҷиатнома, ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ дастрас карда шуд, ки аз ин амали нек шаҳрвандон болидахотир гардида, изҳори миннатдорӣ баён карданд.