БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ОҒОЗ ГАРДИД

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҷиҳати самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ҳамарӯза миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, ба сокинон оид ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи дурусти заминҳои бекорхобида тавсияҳои судманд  медиҳанд.

Бо мақсади самаранок истифода намудан ва дар як сол то ду ҳосил ба даст овардан аз  заминҳои наздиҳавлигӣ сокинони шаҳри Норак ҳосили кишткардаи худро ҷамъоварӣ намуда, ба  кишти такрорӣ оғоз бахшиданд.

Ҳамзамон, оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус  масъулин ба сокинон ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда, онҳоро таъкид намуданд, ки дар мубориза бар зидди бемории коронавирус бетараф набошанд, пеш аз ҳама худ ва наздиконашонро аз сироятёбӣ аз ин беморӣ ҳифз намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg