БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕШАВАНД

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар порча  замин кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳр бо сокинон вохӯрӣ доир намдуданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ ба сокинон ниқобҳои тиббӣ  ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус   дастрас карда шуда, таъкид гардид, ки риояи гигиенаи шахсӣ асоси роҳи пешгирии дилхоҳ бемории сироятӣ мебошад, аз ин лиҳоз якояки моро зарур аст гигиенаи шахсиро риоя намуда, худ ва наздиконамонро аз сироятёбӣ эмин нигоҳ дорем. Инчунин, таъкид карда шуд, ки ҳангоми ба кӯча баромадан аз ниқобҳои тиббӣ истифода намуда, бе зарурат ба сайру гашт баромадани фарзандонро назорат намоянд.

Сокинони шаҳри Норак дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, ҳар порча заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода карда,  дар як сол то ду ҳосил ба даст меоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg