ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар кӯчаҳои ба номи Нусратулло Махсум ва Истиқлоли назди маҳаллаи Обшорон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба омилҳои пешгирикунандаи бемории коронавирус тибқи ахбороти расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар байни мардум ба роҳ монда, зимни суҳбат қайд карданд, ки бисёр мамлакатҳои дунё дар мубориза бо ин беморӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандонашон аз хавфи он ноилоҷанд ва роҳи ягонаи пешгирии вируси хатарнокро танҳо дар пурра иҷро намудани меъёрҳои санитарию гигиенӣ медонанд. Бинобар ин, аз ҳамаи шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки чораҳои пешгирии ин бемории воқеан хавфнокро пурра риоя кунанд ва бо ин роҳ худ ва атрофиёнашонро эмин нигоҳ доранд.
Сипас, дар ин раванд ба сокинон ҷиҳати маълумоти кофӣ гирифтан аз ин бемории сироятӣ варақаҳои иттилоотиро дастрас карда, бори дигар таъкид намуданд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ беҳтарин роҳи наҷот аз бемориҳои сироятист.