БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ: МАҚСАДИ МО - ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён оид ба пешгирии паҳншавии коронавируси навъи СOVID-19 ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории сокинон  дар деҳаи Қизилюлдузи   Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳия бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён корҳои фаҳмондадиҳӣ, тақсимоти маводҳои таблиғотӣ  ба роҳ монда шуд.

Масъулин оид ба масъалаи пешгирӣ аз касалии сироятии коронавирус таъкид намуданд, ки ягона амале, ки имрӯз аз мо талаб карда мешавад, ба тарсу таҳлука афтодан не, балки ба таври лозима омода гаштан барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус мебошад. Бояд ҳар яки мо беш аз ҳар вақти дигар ба тозагӣ ва гигиенаи шахсии худу аҳли оилаамон таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз ҳузур дар ҷойҳои серодам канораҷӯӣ кунем ва дар ин бора танҳо ба хабарҳои расмии мақомоти дахлдор бовар кунем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg