БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ВА БЕЗАРАРГАРДОНӢ ҶАРАЁН ДОРАД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо ташаббуси шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯшониён ва  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар маркази ноҳия, Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ  субҳи барвақт чорабинии мақсаднок  ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19 гузаронида шуд.

Масъулин дар рафти чорабинӣ  барои бештар маълумот доштани мардум маводҳои таблиғотиро  ба сокинон дастрас намуда, инчунин тақсимоти ройгони ниқобҳои тиббиро  роҳандозӣ карданд.

Илова бар ин масъулин зимни  баргузории  чорабиниҳои мақсаднок ба аҳолӣ оид ба  пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ маълумоти зарурӣ доданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби  кормандони шуъбаи вазорати корҳои дохилии  ноҳия ва кормандони қисми мустақили 48-уми харбикунонидашудаи Хадамоти  давлатии оташнишонӣ бо истифодаи нақлиётӣ ин ниҳод бо маҳлули махсуси безараргардонӣ нуқтаҳои аҳолинишин безарар гардонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg