КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва тарғиби дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самарноки ҳар як қитъаи замин дар маҳаллаҳо ва Ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар деҳаи Корези болои Ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба сокинон фаҳмонида шуд, ки барои истифодаи босамари ҳар як ваҷаб замин аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд. Зеро бо ин роҳ сатҳи зиндагии мардум боз ҳам рӯ ба беҳбудӣ хоҳад овард.