ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Шобикаи Ҷамоати деҳоти Тугарак бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ Камолов Илҳом гармхона барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шудааст, ки дар он шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Айни ҳол дар гармхонаи мазкур маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили помидор, бодиринг ва қаланфурӣ булғорӣ кишт карда шуда, пурра ба ҳосилдиҳӣ омода шудааст.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз вазъи гармхона ва рафти ҷамъоварии ҳосил дидан намуда, ба роҳбарияти хоҷагӣ ва кормандони он дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба самаранок истифодабарии замин расониданд.