ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ хоҷагидорони Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш саҳми муносиб гузошта истодаанд. Онҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода мебаранд. Дар ин хусус, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо сарварону саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқоние, ки маҳсулоти ғалладонагии худро ҷамъоварӣ карда истодаанд, вохӯрӣ доир намуда, ба онҳо ҷиҳати кишти такрорӣ ва самаранок истифодабарии заминҳо тавсияҳои судманд доданд.