ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш иқдоми навбатии хешро ба роҳ монда, дар деҳаи Чоргултеппа вохӯрӣ баргузор намуданд. Масъулин зимни суханронӣ дар бораи масъалаҳои пешгирии бемории сироятии Covid - 19, риояи қатъии қоидаҳои санитарӣ, гигиенаи шахсӣ фикру андешаҳои хешро баён дошта, даъват ба амал оварданд, ки дар баробари риояи гигиенаи шахсӣ ва амалҳои дигари пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ ҷиддӣ муносибат намоянд. Ҳамчунин, дар идома қайд карда шуд, ки ба меҳнати софдилона машғул гардида, баҳри таъмини оилаи худ бо маҳсулоти тару тоза заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентиву хоҷагиҳои деҳқониро самаранок истифода намоянд. Дар ин раванд ба онҳо муроҷиатномаи Кумитаи иҷроия ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.