БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қонунҳоро риоя намуда, ҳаёти худро беҳтар мегардонем

ФАРХОР. Бо мақсади амалисозии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ҳадафҳои барномавию Оинномавии ҲХДТ ва тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар деҳаи Себи Сурхи ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор бо сокинони деҳа вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ бо дастгирии  сокинони деҳа ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Себи Сурх» таъсис дода шуда, раиси он  Одинаев Қурбон  интихоб гардид.

Дар охири  вохӯрӣ масъулин ба саволҳои иштирокдорон ҷавобҳои  мушаххас доданд ва ба онҳо маводҳои таблиғотӣ ва китобчаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дастрас намуданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg