ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар якҷоягӣ бо волонтёрони назди Кумитаи иҷроия дар деҳаи Тоҷикистони Ҷамоати шаҳраки Киров Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Солим бимонед!»-ро бо усули “хона ба хона” доир намуданд.
Зимни баргузории Аксияи мазкур ба сокинон оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ маълумотҳои зарурӣ дода шуда, инчунин варақаҳои итиллотӣ ва ниқобҳои тиббӣ оид ба пешгирӣ аз бемории COVID-19 дастрас карда шуд. Ҳамзамон, аз ҷониби масъулин ҷиҳати самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ тавсияҳои судманд дода шуда, қайд гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро зарур аст заминҳои киштро самаранок истифода намуда, дар як сол барои рӯёнидани 2-3 ҳосил кӯшиш намоем.