ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии “COVID-19” дар ташкилоти ибтидоии «Мардатсой» гузаронида, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, бахусус, риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ, тез-тез шустани дастон бо собун, пӯшидани ниқоби тиббӣ, худдорӣ кардан аз нӯшидани нӯшокиҳои хунук, бе зарурат набаромадан аз ҷойи зист ва инчунин, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигиро ба шаҳрвандон фаҳмонида, ба онҳо тавсия доданд, ки ба нофаҳмию воҳима роҳ надиҳанд. Зимни баргузории вохӯриҳо ба сокинон муроҷиатномаҳо оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дастрас карда шуда, ба онҳо аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ниқобҳои тиббӣ тақсим карда шуд.