6-уми июн бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои масъулони бахши иттилооти кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру навоҳии вилоят семинар – машварати фарогир доир гардид. Қиёмиддин Миралиён, раиси кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилоят ва Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон малакаҳои муосири иттилоотонии муассирро ба иштирокдорон тадрис доданд.
Фирӯза Шарифӣ бо таъкид ба ҷангҳои иттилоотии асри нав, ки хатарашон аз ҳарбҳои силоҳӣ кам нест, аз ҳозирин хоҳиш кард, ки дар баробари аз худ кардани маҳоратҳои зарурии аз ҷониби устодон омӯзонидашаванда, пайваста ба худомӯзӣ машғул шаванд. “Ин ба он хотир аст, ки дар замони хавфҳои асри кунунӣ Шумо – ҷавонон бо донишу заковати волои хеш барои ҳизб, вилоят ва дар маҷмуъ Тоҷикистони азизи мо сипари боэътимоди иттилоот бошед. Яъне, бояд қудрати зеҳнии бо дилхоҳ рақиби сиёсӣ ё ҳатто ғаразкорони ошкору пинҳон рақобат карданро дошта бошед. Зеро бетарафӣ шиори ҲХДТ нест”, – афзуд муовини раиси вилоят.
Омӯзиши мазкур аз субҳи содиқ то шомгоҳон бо истифода аз фановариҳои ҷадид дар ду қисмат: назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд. Дар қисмати амалӣ иштирокдорон ба таври инфиродӣ ва гурӯҳӣ супоришҳои устодонро иҷро карданд.
– Мавзӯи меҳварии семинар таъмини гузариши фаврӣ ба низоми ҳукумати электронист, – ёдовар шуд Қ. Миралиён. – Муҳимияти ҳамин масъаларо ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми июни соли ҷорӣ дар Фармони рақами 1544 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакатро муваззаф карданд, ки “барои таъмини фаъолияти фосилавии мақомоти давлатӣ раванди татбиқи ташаккули ҳукумати электрониро ҷоннок намояд”. Дар ҳошияи ҳамин дастур мо ба иштирокдорон баъзе нозукиҳои муҳими почтаҳои электронии Яндекс – Диск имкониятҳои бештари Гугл – Диск, зарфиятҳои дар дигар захираҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ками андар кам дидашавандаи заминаҳои Facebook, яъне Workplace, Work Сhat, барномаи компютерии муҳосибии Excel ва ҳоказоро омӯзонидем. Ҳамзамон, аз онҳо тақозо карда шуд, ки маҳорати андӯхтаашонро дар кори ҳаррӯзаашон татбиқ намоянд.
Дар семинари мазкур, инчунин, аз ҷониби мутахассисони варзидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ба иштирокдорон тарзи дурусти пур кардани варақаю шаклҳои оморӣ ва тартиби ҳисобукитоби ташаббусҳои ҳаррӯзаи ҳизбиён омӯзонида шуд.
Дар интиҳои семинар – машварат баҳри такмили мубодилаи электронӣ байни сохторҳои ҳизбӣ ва таъмини сифати маводи оморӣ, ҳамзамон таҳкими василаҳои нишон додани вокуниш дар муқовимат бо қувваҳои ғаразкор маҷмӯи дастурҳо ироа гардиданд.
Шуъбаи иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон