5-уми июн дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин семинар – машварати омӯзишиву дастурдиҳӣ баргузор гардид.
Миралиён Қиёмиддин зимни баромад оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории каронавирус, саҳми назаррас ва иқдомҳои шоистаи ҲХДТ, хосса Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти амалан татбиқ намудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар кард.
Ташкил ва таъсиси ҳуҷраҳои кории раисони маҳаллаҳо ва маркази ҳунарҳои мардумӣ, сохтмони иншооти санитарӣ-гигиенӣ бо усули деренажӣ бо мақсади риояи қатъии гигиенаи шахсӣ аз мавзӯъҳои муҳими семинар - машварат ба ҳисоб мерафт.
Раиси ноҳияи Ёвон, узви Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро маслиҳату дастурҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро бамаврид арзёбӣ намуда, барои бунёди ҳуҷраи кории раисони маҳалла, маркази ҳунарҳои мардумӣ ва ташкили иншооти санитарӣ-гигиенӣ бо усули деренажӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва манзили истиқоматии сокинони хоҳишманд, ки лоиҳаашон бо тариқи ройгон аз ҷониби кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб пешниҳод шудааст, ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, сармеъмори ноҳия ва намояндаи корхонаи лоиҳакашӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ аз иштирокдорони ин семинар – машварати муфид буданд.
Шуъбаи иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон