БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМГУЗОРИИ ҶАВОНОН ДАР ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ ҒОЯҲОИ ҲИЗБӢ

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ихтиёриён (волонтёрон)-и ҳизбӣ ва аъзои намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷиҳати  пешгирӣ аз пандемияи коронавирус дар байни аъзоёну кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия варақаҳои тавсиявӣ тақсим намуда, аз онҳо хоҳиши бе ниқоб ба кӯча набаромадан ва аз маводҳои антисептикӣ истифода бурданро тавсия намуданд.

Дар баргузории аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Солимии чомеа – солимии давлату миллат» Қурбонова Малоҳат – роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иштироки фаъолона дошта, дар интиҳои баргузории аксия ба ихтиёриёни ҳизбӣ баҳри саҳм гузоштанашон дар амалӣ намудани ҳадафҳои ҳизбӣ ва солимии ҳар як фарди ҷомеа миннатдорӣ баён намуданд.           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg