БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАБИНИҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАР ҶАЙҲУН ИДОМА ДОРАНД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва ҳамчунин истифодаи мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти “Панҷ” чорабинии таблиғотии ҳизбиро бо усули "Хона ба хона" роҳандозӣ намуданд.

Зимни вохӯриҳо масъулин вобаста ба роҳу воситаҳо ва корҳои пешгирикунанда аз бемории сироятии коронавирусро муфассал иброз намуда, вобаста ба истифодаи мақсадноки замин бошад, таъкид намуданд, ки дар шароити паҳн гардидани ин бемории сироятӣ ва ҳамчунин вазъи номуайяни иқтисодӣ дар ҷаҳон ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии оилаи худ ва наздикон ҳар як порча замини наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагии деҳқониро самараноку мақсаднок истифода барад. Илова бар ин, ба сокинон маводҳои таблиғотӣ тақсимот карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg