
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Замин асоси ба хӯрока таъмин намудани халқи мамлакат аст ва мо бояд инро дарк намоем ва шахсоне, ки бекор ҳастанд ва беҳудагардӣ мекунанд, бояд дар замин кор карда, ба оилаҳои худ даромади моддӣ оваранд, вагарна мо наметавонем ба таъминоти пурраи озуқаворӣ ноил гардем. Бо ин мақсад корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов С.Ч. бо усули “Хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро дар деҳаи А.Ҷомии ноҳия ба роҳ монда, ба аҳолӣ пешниҳодҳо барои истифодаи оқилона ва мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ, тавсия барои пешгирӣ аз бемории коронавирус ва тақсимоти ниқобу маҳлулҳои тиббӣ ташкил карда шуд.