БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ САНГОВАК ҲОСИЛИ ДИЛХОҲ РӮЁНИДАНИАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шиносоӣ ба ҳолати истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ дар маҳаллаи Санговаки Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва раиси ташкилоти ибтидоии деҳа аксияи таблиғотии “хона ба хона” амалӣ карда шуд. Дар доираи амалӣ намудани аксия онҳо аз заминҳои наздиҳавлигии 89 нафар сокинон дидан намуда, ба ҳар як соҳибхона барои истифодаи самараноки замин, аз он рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ маслиҳатҳои зарурӣ доданд.

Мушоҳидаҳо нишон дод, ки имсол мардум, аз ҷумла, сокинони ин маҳалла дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муқоиса ба солҳои гузашта кишти картошка,  пиёзи сурх, лубиёгиҳоро зиёд намудаанд.

Сокинони маҳалла шабу рӯз дар заминҳои дар ихтиёрдоштаашон пурмаҳсул кор карда, бо боварӣ изҳор доштанд, ки барои таъминоти оилаи худ ҳосили дилхоҳ рӯёнидаю захира менамоянд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg