БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ТАБЛИҒОТИИ “ХОНА БА ХОНА” ДАР ДЕҲАИ САНГРЕЗГӢ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзоёни гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо  соҳибхонаҳои деҳаи Сангрезгии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ оиди роҳҳои пешгирии бемории сироятии коронавирус дар асоси аксияи таблиғотии “Хона ба хона” суҳбат гузарониданд.

Онҳо тавонистанд бо бештар аз 67 нафар соҳибхонаҳо суҳбат гузаронида, онҳоро бо роҳҳои асосии пешгирии ин бемории сироятӣ шинос намоянд.

Мушоҳидаҳо нишон дод, ки сокинони деҳа дар бораи бемории коронавирус маълумоти умумӣ доранд ва роҳҳои пешгирии онро низ медонанд, вале на ҳама онро ҷиддӣ гирифта, талаботҳои гигиенаи шахсиро риоя мекунанд.

Дар охири суҳбат ба иштирокчиёни суҳбатҳо барои маълумоти бештар пайдо намудан дар бораи пешгирии бемории коронавирус варақаҳои иттилоотӣ  дастрас намуда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg