
АНДЕША. Вақте кас дар бораи аз коронавирус талаф наёфтани ягон нафар дар Ветнам маълумот пайдо мекунад, бовараш намеояд, ки як давлати на чандон бой ба ин кор, ки дигар давлатҳои абарқудрат, аз ҷумла, Амрикоро ба роҳгумӣ андохтааст, ба ин кори хеле душвор панҷуним моҳ муваффақ шуда бошад. Дар ҳоле ки Ветнам ба Чин марзи тӯлонӣ дорад ва хоҳ нохоҳ дар ин мамлакат бояд ин беморӣ паҳн мешуд ва боиси талафоти одамон ҳам мегашт.
Мақсад аз навиштани ин сатрҳо ҳам ҳамин аст, ки мардум чораҳои дар давлати Ветнам роҳандозикардашударо бидонанд ва дар асоси он амал намоянд. Дар Ветнам ошкоршавии шаш сироятёбии одамон кофӣ буд, ки сарвазири мамлакат эпидемия эълон кунад. Роҳҳоро ба Чин баста, фаъолияти муассисаҳои таълимиро қатъ намояд. Ба ҳама тавсия дода шуд, ки даври телефонашон замимаи вижа фаъол созанд, то ки вазъи саломатӣ ва хавфи сироят таҳти назорат гирифта шавад.
Дар натиҷаи тадбирҳои қатъӣ паҳншавии вируси нав пешгирӣ карда шуд. Ҳамаи 16 нафар гирифторони бемориро, ки дар моҳҳои январу феврал сироят ёфта буданд, табибон ба по хезониданд.
Вақте бо сабаби бепарвоӣ як сайёҳи ветнамӣ сироят ёфта, аз хориҷа ба ватан бармегардад, ҳисоб карда мебароянд, ки ӯ метавонист то 200 нафарро сироят созад. Ҳамаи онҳоро фавран изолятсия намуданд. 16 март карантини оммавӣ роҳандозӣ шуд. Қатъият ба дараҷае расид, ки агар нафаре ниқоб набаста ягон касро сироят м енамуд, то 12 сол ҳабс мешуд. Одамон аз хонаҳояшон танҳо барои хариди хӯрокворӣ ва дору метавонистанд бароянд.
Боз чанд далели дигарро барои рафъи камбудиҳо дар мисоли давлати Ветнам овардан мумкин аст, ки дар ноҳияи Ховалинг ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар онҳо масъалаҳои ҳалталаб ба ҳисоб мераванд.
Дар раванди мубориза кормандони мақомоти интизомии Ветнам 100 нафарро боздошт намуданд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи коронавирус маълумотҳои бардурӯғ паҳн менамуданд. Фурӯшандаҳои қаллоби бозор, доруфурӯшонро, ки бе ягон асос нархи маҳсулотро баланд бардоштаанд, ҳабс карданд.
Интизомнокӣ ва муташаккилии аҳолиро метавон муҳимтарин омил ном бурд. Маҳз ҳамдастии давлат ва аҳолӣ ба Ветнам имкон дод, ки коронавирусро дар ибтидояш нобуд намояд.
Худ хулоса бароред, ки дар шаҳру ноҳияҳои мо кадом ҳолат ҷой дорад. Дар мо ана ҳамин интизомнокӣ ва муташаккилии аҳолӣ ва ҳамдастӣ ба давлат намерасад. Баъзеҳо чунон бепарвоанд, ки гӯё аз чизе хабар надоранд. Мусофирон он тараф, худи ронандаи мошини мусофиркаш бе ниқоб аст. Одамон талаботҳои гигиенаи шахсиро риоя накарда, бе ягон зарурат, бе пӯшидани ниқоб ба кӯча ва ҷойҳои серодам баромада, сайругашт мекунанд.
Вақте амали зарароварашонро мефаҳмонанд, аз ҳама ҳамон як сухани забонзадашударо мешунаванд: “Ҳеҷ кас бе аҷал намурдааст”.
Ҳеҷ кас намурдааст бе аҷал,
Ту марав дар даҳони аждаҳо, - гуфтааст шоир.
Коронавирус аҷал аст ва агар кас талаботҳои гигиенаи шахсиро риоя накунад, он чун аждаҳо шахси ба ин беморӣ гирифторро ба коми худ мекашад.
Мардуми мо дар ҳолате ин ё он талаботро қатъӣ риоя мекунанд, ки иҷро накардани он ҷавобгарӣ дошта бошад.
Ба хотири ҳифзи саломатии мардум имрӯз зарурат пеш омадааст, ки чун Ветнам дар Тоҷикистон ҳам ягон чораи таъсиррасоние андешида шавад, ки иҷро накардани он ҷавобгариро пешбинӣ намояд.
Сидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг