БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ АЗ ТАБОБАТ БЕҲТАР АСТ!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо максади таъмини сокинон, пешгирӣ ва фаҳмондани хатару оқибатҳои   бемории коронавирус гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири  Хусрав тибқи нақша-чорабиниҳои таҳиянамуда, корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба  пешгирии бемории сироятии коронавирус ва омилҳои пешгирикунандаи  бемориро дар байни сокинони ноҳия бо  усули  «хона ба хона» ҳамарӯза идома дода истодаанд.

Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроия дар деҳаи Арабхона Ҷамоати деҳоти  «Истиқлол» бо усули «хона ба хона» вохӯриҳо баргузор намуда, ба сокинони деҳа роҳҳои  пешгирии бемории коронавирусро фаҳмонда, таъкид намуднд, ки “ҳар як сокини  кишвар бо  азми қатъӣ бар зидди  коронавирус муборизаи шадид бурда, барои  пешгирӣ ва аз байн бурдани он саҳми худро бояд гузорад”.  Ҷиҳати пешгирии  беморӣ варақаҳои тавсиявӣ-таъкидии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти  Хатлон ва Муроҷиатномаи ҲХДТ, ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуданд.

Ба сокинони деҳа роҳҳои пешгирии бемории коронавирус, қоидаҳои  беҳдоштро дар хонадонашон нигоҳ доштан фаҳмонда, барои иҷрои варақаҳои тавсия ва таъкиди Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақсим намуданд. Ёдовар карда шуд, ки “пешгирӣ аз табобат беҳтар буда, роҳи осони аз  коронавирус дар эмин будан – ин риояи қоидаҳои беҳдоштии фардӣ мебошад”, бештар гигиенаи шахсиро риоя намуда, моҳияти  худдорӣ  кардан аз  иштирок дар  чойҳои серодам ва ҳар гуна ҷамъшавиҳои безарурат мебошад.

Бо мақсади расонидани кӯмак вобаста ба безарагардонӣ аз ҳисоби  Кумитаи иҷроия маводи  безаргардонии маҳлули хлор ба миқдори  2 кг ва 150 адад ниқоб дастраси сокинон намуда, манзили зисти онҳо, роҳу кӯчаҳои деҳа      безарар гардонида шуд.

Ҳамчунин, истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, кишт ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин, бо аъзои  хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати бекор намондани заминҳои дар ихтиёрашон бударо  вобаста ба  вазъи   имрӯзаи  ҷаҳони  муосир ҳаматарафа фаҳмонда доданд. Ба  сокинони деҳа 110 адад варақаи иттилоотӣ тақдим  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg