![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/received_639850673409124.jpeg?itok=1B942xvL)
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён барои пешгирии бемории хавфнок ва гузарандаи коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дастрас намудани варақаҳои иттилоотӣ оиди ин бемории гузаранда, самараноки истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ дар деҳаи Навободи Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳия бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд. Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ масъулини ҳизб ба сокинони деҳаи мазкур 59 варақаи иттилоотӣ оиди пешгирии бемории сироятии коронавирус ва 18 адад варақа оиди самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ тақсим намуданд.
Ҳамзамон, масъулин дар рафти чорабинӣ иброз доштанд, ки “барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, бемории коронавирус аз гигиенаи шахсӣ васеъ истифода барем то худ ва дигаронро аз ин бемории хавфнок эмин нигоҳ дорем, чунки агар ҷомеа солим бошад, давлат устувор мемонад”.