КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Солимии миллат – бақои давлат”. Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии вируси навъи коронавирус (COVID-19) Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати расонидани маълумот ба шаҳрвандон оид ба риояи дурусти қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳаррӯза корҳои тарғиботӣ гузаронида истодаанд.
Дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и шаҳри Кӯлоб вобаста ба пешгирӣ аз ин навъи бемории сироятӣ дар маҳаллаи “Борбад”-и шаҳри Кӯлоб ба шаҳрвандон оид ба дуруст истифода бурдани ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ, бе асос ва бе зарурият набаромадан аз хона аксия гузаронида шуд, ки дар рафти аксияи мазкур ба шаҳрвандон муроҷиатномаҳо ва тавсияҳои табибон беш аз 400 адад дастрас гардид.