БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ АЪЗОЁНИ ҲИЗБ ДАР ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади ҳифзи саломатии сокинони шаҳри Кӯлоб ва пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гузаронида истодааст.

Чунин як ташаббус аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и шаҳри Кӯлоб ва гурӯҳи ихтиёриён  гузаронида шуд. Ба шаҳрвандон оиди масъалаи ҳаётан муҳим, бахусус, пешгирӣ аз бемории коронавирус ва қатъиян риояи қоидаҳои гигиениро хотиррасон намуданд. Дар баргузории аксияи мазкур ба шаҳрвандон наздики 500 адад маводҳои таблиғотӣ дастрас гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg