БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА ДИГАРОНРО АЗ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС БОЯД ҲИФЗ КАРД!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Борои бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии намуди коронавирус, ки имрӯз сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, ҷомеаро ба ташвиш овардааст, масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаҳои ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрии мазкур муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев В. бо аҳолии маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Қубодиён вохӯрӣ доир гардида, роҳҳои гузариши бемории сироятии коронавирус (COVID-19)  ва роҳҳои пешгирӣ намудани он маълумот доданд.      

Дар рафти вохӯрӣ диққати асосӣ ба ҷиҳати асосии пешгирӣ намудани беморӣ, яъне риоя намудани гигиенаи шахсӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои тозагии хонаву таҷҳизотҳои он ва маҳал қатъиян риоя карда шавад.

Ҳамчунин, барои бештар маълумот пайдо намудани бемории коронавирус ба сокинон маводҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои ҳифзкунанда тақсим карда шуданд.            

       Ҳамзамон, дар ин раванд, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон ҳосилҳои дилхоҳ ба даст оварда, оилаи худро аз маводи озуқаворӣ таъмин созанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg