БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ОИДИ КОРОНАВИРУС ДАР ДЕҲАИ ГУЛАФШОН

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади боз ҳам пурзӯр намудани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ барои пешгирӣ намудан аз хатароти коронавирус бо усули “хона ба хона” ва “рӯ ба рӯ” бо истиқоматкунандагони деҳаи Гулафшони ҷамоати дешоти Оқсу ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Камолиддинзода Ҷ. аз наздик суҳбат намуда, қайд кард, ки “имрӯзҳо тамоми ҷаҳон аз ин хатар дар ташвишанд. Барои ҳамин аз ҳамаи Шумоён даъват ба амал меорем, ки бе зарурат аз хонаҳои худ берун нашавед, дастонатонро зуд-зуд бо маҳлулҳои тавсияшуда шӯед, аз ниқобҳои тавсиявӣ истифода баред, худ ва наздиконатонро аз коронавирус эмин нигоҳ доред”.

Дар анҷоми суханронӣ барои боз ҳам ободу зебо намудани маҳалли зисти худ ва сазовор истиқбол намудани 30–солагии Истиқлолияти маҳбубамон ба корҳои ободонию созандагӣ сокинони деҳаро роҳандозӣ намуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg