БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ИДОМА ДОРАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаи А.Лоҳутии ҷамоати шаҳраки Ҳулбук ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва дигар заминҳои дар ихтиёрдоштаашон суҳбат доир намуданд.    Зимни суӽбат Иботов Диловар қайд кард, ки барои таъмини зиндагии  шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон самаранок истифода намуда, кишту кори зироатҳоро ба роҳ монанд ва ҳосили фаровон ба даст оваранд, наздикони  худ ва дигаронро аз маводи озуқаворӣ таъмин созанд.

Инчунин, ба сокинон оид ба пешгирӣ  аз ин беморӣ (COVID-19) варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg