БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС ВА ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ ва истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо усули «хона ба хона» дар деҳаи Осмонбикаи ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабов корҳои оммафаҳмонӣ иҷро шуд.

Масъулин сокинонро аз ин бемории сироятии коронавирус ва роҳҳои пешгирии он огоҳонида, аз онҳо хоҳиш намуданд, ки барои пешгирии бемори нави коронавирус қоидаҳои гигиениро риоя намуда, аз тавсияҳои ҳамарӯзаи табибон ва мутахассисоне, ки дар васоити ахбори омма пешниҳод намуда истодаанд, ба таври васеъ истифода намоянд, худ ва атрофиёнро аз ин бемории сироятӣ эмин нигоҳ доранд.

Дар рафти корҳои оммафҳмонӣ варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg