А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади муқовимат ва пешгирии бемории сироятии Коронавирус дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии маҳалливу деҳот бо иштироки фаъолон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаю маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти “Калинин” - и ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Намояндагон бо аҳли ҷамоатчигӣ дар бораи риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ, доимо истифодаи маҳлулҳои махсуси безараргардонӣ ва антисептикӣ, бо ниқоб ва дар масофаи дур сӯҳбату мулоқот намудан бо одамон ва дигар амалҳои пешгирикунандаи бемории сироятии “COVID-19” ибрози ақида намуданд.
Ҳамзамон, ба ҳозирин фаҳмонда шуд, ки “ба воҳимаю таҳлука дода нашаванд, фақат бо дарки масъулияти шахсӣ мо метавонем, дастаҷамъона бар зидди пандемияи COVID-19 мубориза барем. Бо риояи гигиенаи шахсӣ ва дигар амалҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ ҳолати шиддатёбии коронавирусро паст намоем”.
Дар ин вохӯриҳо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо аҳли ҷамоатчигӣ раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаю маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти “Калинин”-и ноҳия оид ба масъалаҳои истифодаи самараноки заминҳо, ба пуррагӣ кишти такрорӣ гузаронидан дар заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо ва дар ин замина таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат, сӯҳбатҳо доир карда шуд.
Инчунин, ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ дорои расму аломатҳои пешгирикунандаи коронавируси нав COVID-19 дастрас гардонида шуд.