Қиёмиддин Миралиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо мақсади ҳидояти аъзои ҳизб ба риояи гигиенаи шахсӣ, сохтмони иншооти аз ҷиҳати беҳдоштӣ қобили қабул, ҳуҷраҳои корӣ барои раисони маҳаллаҳо ва марказҳои ҳунармандӣ дар шароити деҳот дар ноҳияи Кӯшониён бо аъзои ҳизб вохӯрии корӣ доир кард.
Ба таъкиди раис иҷроиши ин масъалаҳо дар доираи чорабиниҳои бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” беш аз пеш муҳим аст.
Дар рабт ба бемории сироятии нав гуфта шуд, ки мардумро мебояд, ба таҳлука дода нашуда, гигиенаи шахсиро ҷиддан риоя кунанд. “Як роҳи тоза нигоҳ доштани муҳити атроф ва ҳам дуруст анҷом дода тавонистани талаботи гигиенаи фардӣ ин дар деҳотҷойҳо бо усули дренажӣ бунёд кардани обрави ҳоҷатхонаю ҳаммом мебошад. Лоиҳаи мукаммали чунин як иншооти заруриро Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аллакай таҳия кардааст ва дилхоҳ хоҳишманд метавонад, ки онро ройгон аз мо дарёфт кунад. Иншоот ҳам замонавист ва ҳам бо масрафи молиявии камтар сохта мешавад”, - гуфт Қ. Миралиён.
Мақсад аз пешниҳоди лоиҳаҳои сохтмони ҳуҷраҳои корӣ барои раисони маҳаллаҳо ва марказҳои ҳунармандӣ дар он будааст, ки ба ин васила ҳам тараддуди ҳуҷҷаттартибдиҳии сокинон камтар мешавад ва ҳам занони хонанишин дар марказҳои ҳунармандӣ соҳиби ҷойи кор мегарданд.
Қ. Миралиён гуфт, мо – ҳизбиён талош мекунем, ки дар ин бобат раисони маҳаллаҳоро дастгирӣ намоем ва тавсия медиҳем, ки онҳо суратҳисоби махсус кушоянд, то хоҳишмандон онҳоро аз ҷиҳати молиявӣ бемамониат дастгирӣ карда тавонанд.
Шуъбаи иттилоот ва матбуоти дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон