БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУҲБАТИ “ХОНА БА ХОНА” ДАР ДЕҲАИ ДАРАИ МУХТОР

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо усули “хона ба хона” ба сокинони деҳаи Дараи Мухтор ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, ба онҳо роҳҳои асосии пешгирӣ аз ин бемориро фаҳмонданд. 

       Баргузории суҳбат нишон дод, ки сокинон барои пешгирӣ аз ин бемории хавфноки сироятӣ  таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Ба гаштугузори кӯдакон ва дигар аъзоёни аҳли оила дар кӯча ва дигар ҷойҳои серодам роҳ намедиҳанд. Дар ин рӯзҳо аҳли деҳа ба корҳои мавсимии баҳор машғул буда, барои беҳбудӣ бахшидан ба зисту зиндагии худ аз ҳар як рӯзи мусоид самаранок истифода менамояд.

    Дар баробари доир намудани суҳбат дар як вақт кормандони Кумитаи иҷроия ба бештар аз 73 нафар сокинони маҳалла варақаҳои иттилоотӣ ва маводҳои антисептикӣ дастрас намуданд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg