БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМ ДАР ЗАМИНҲОЯШОН ПУРМАҲСУЛ КОР МЕКУНАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи аъзоёни гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия натиҷаи дилхоҳ дода истодааст. Мардум баъди фаҳмидани зарурат ва аҳамияти истифодаи самараноки замин дар шароити буҳрони шадиди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва дигар заминҳои дар ихтиёрдоштаашон пурмаҳсул меҳнат менамоянд.

           Кормандони Кумитаи иҷроия ҳамарӯза дар гурӯҳҳои алоҳида аз рафти истифодабарии заминҳои сокинони ноҳия дидан намуда, ба заминистифодабарандагон барои истеҳсоли маҳсулот ҷиҳати таъмини аҳли оила ба маводи аввалияи зиндагӣ маслиҳатҳои фоидабахш медиҳанд.

         Чунин чорабинии таблиғотию ташвиқотӣ дар маҳаллаи Заргарони Ҷамоати шаҳраки Ховалинг гузаронида шуд. Аз 65 замини наздиҳавлигие, ки кормандони Кумитаи иҷроия боздид ба амал оварданд, заминҳои истифоданашуда хеле кам ба чашм расид, ки онҳо низ  барои истифодабарӣ шудгор ва нарм карда шудаанд.

         Сокинон азми қавӣ доранд, ки аз  дастранҷи худ ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg