
ВОКУНИШ. Саркардагони Ҳизби террористии наҳзати ислом ва аъзоёни Паймони дурӯғини миллӣ, ки пешрафту тараққиёти Тоҷикистонро чашми дидан надоранд, аз тариқи сомонаҳои интернетӣ ҳамарӯза нисбати давлат ва Роҳбари давлат суханҳои бофтаю сохтаи иғвоангезро паҳн менамоянд, ки нафрати касро нисбати дурӯғбофону туҳматгарон ба вуҷуд меорад.
Шоҳидони воқеаҳои солҳои навадуми асри 19 хуб медонанд, ки ҲНИ ҳизби террористӣ буда, роҳбаронаш то имрӯз дар дил нияти нопоки худ - дар Тоҷикистон бо дигар кардани сохти давлатдорӣ барпо намудани давлати исломиро мепарваранд. Ин гуфтаҳо шарҳу эзоҳ талаб намекунанд, зеро онҳо бо далелҳо исбот карда шудаанд.
Шоҳиди далелҳои дар боло зикргардида ҳамонҳоеанд, ки солҳо ҳамроҳи ту-Кабирӣ, ҳамкомандаат буданд. Онҳо диданд, таҳлил намуданд, ки бо қавли Сайидо “Ҳар кӣ ба душмании халқ равон аст чу баҳр, Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад”. Баъди фаҳмидани ниятҳои нопоки ту, М. Кабирӣ, аз роҳи хато баргаштанд ва он чи ҳақиқат буд, гуфтанд, ки ҳамаи онро ту шунидаӣ. Вале ба гардан гирифтани сухани ҳақ бароят баробари бардоштани кӯҳи Қоф аст. Одам, ки пурпӯст мешудааст, сухани рӯ ба рӯи шахсеро, ки дар ҳама кор шоҳиди ҳол аст, қабул намекардааст.
Муколамаи ту, Кабирӣ, ва собиқ аъзои Гуруҳи–24 Собир Валиевро гӯш кардам. Дидӣ, ки мақоли халқии “бори каҷ ба манзил намеравад” дуруст будааст. Ба тамаллуқкорӣ ва ширинсуханӣ Собирҷон, Собирҷон гуфтанҳоят нигоҳ накарда, ниятҳои нопоки ту ва ҳизбатро фош намуд, ки он чандон сири пинҳонӣ ҳам нест. Зеро дар ҷаласаҳои хоса ин ниятатонро бо одамони дилпуратон ошкоро баён мекардед. Дар ин ҷо овардани иқроршавии собиқ раиси ташкилоти ибтидоии ҲНИ дар ноҳияи Ховалинг бамаврид аст.
Вақте собиқ раиси ноҳияи Ховалинг Ё. Боронов (солҳои 1998) аз раиси ташкилоти ибтидоии ҲНИ дар ноҳияи Ховалинг мақсади ниҳоии ҲНИ–ро мепурсад, ӯ рӯирост иқрор мешавад, ки мо дар Тоҷикистон давлати исломӣ барпо карданием. Дар ҳамон сол, агар хато накунам, дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки намояндагони ҳамаи ҳизбҳои амалкунанда ҷамъомаде бо номи “Гуфтугӯи байни ҳизбҳо” гузаронида шуд, ки ман ҳам иштирок доштам. Он вақт ту- Кабирӣ дар вазифаи муовини раиси ҲНИ кор мекардӣ. Боварӣ дорам, ки дар хотир доред. Вақте ин иқроршавии раиси ташкилоти ибтидоии ҲНИ дар ноҳияи Ховалингро Ё. Боронов ба ту гуфт, ман шоҳидам, ки дар ҷавоб гуфтӣ: “аз ин ҷо рафтӣ, ӯро аз вазифа сабукдуш кун”. Ҳол он ки ба вазифа таъин кардани раиси ташкилоти ибтидоии ҲНИ ва аз вазифа гирифтани ӯ дар дасти раиси ноҳия нест. Ин ҷавобатон мисли баромадҳои имрӯзаатон по дар ҳаво буд.
ҲНИ дар ҳамон солҳо дар ноҳия конференсия гузаронид. Баъди конференсия ба иштирокдорони он, ки аксарашон занону бонувон буданд, ҳамсуҳбат гардида, аъзои ҲНИ будан ё набуданашонро пурсидам.
Медонед чӣ ҷавоб доданд? Гуфтанд, ки аъзои ягон ҳизб нестанд. Ба он хотир дар маҷлис иштирок карданд, ки ба онҳо 70 сӯмӣ маблағ доданд.
Бузургон барои аз роҳи бад баргардонидани бадгуҳарон ба онҳо панд дода мегӯянд: "Вақте дар бораи ягон одам ғаразона, бо нияти бад гап мезанӣ, як бор гиребони худро бӯй кун". Ту ҳам, Кабирӣ, аз рӯи ин панд амал кун. Агар дидӣ, ки хислатҳои мансабталошона, душманона нисбати давлат ва роҳбарони давлат, низоандозӣ, душмани якдигар гардонидани фарзандони як миллат, дурӯғ гуфтан ва дигару дигар хислатҳои бад дар вуҷудат ҳаст (мо сад дар сад боварӣ дорем, ки ҳаст ва он рӯз то рӯз кам не, зиёд мегардад), беҳтараш хомӯш биншин. Зеро ҳар баромадат солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, азоби ғарибӣ, гуруснагӣ, пайдо гардидани бемориҳои сироятии гуногунро ба хотири одамон меорад ва хуб медонӣ, ки дар ҷавоб ба ту ва дигар ҳамроҳонат, ки дар ҷумҳурӣ боз нооромиро ба вуҷуд овардан мехоҳед, чӣ мегӯянд.
Саидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг