БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШВИҚУ ТАБЛИҒИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР МАҲАЛ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Анҷиркон" ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус вохӯрӣ гузарониданд.

Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Г. Сайдалиев рафти омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми муносиби аъзоёни фаъоли ҳизбро дар ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ қайд кард. Таъкид гардид, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус сокинон ба риояи гигиенаи шахсӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Ҳамзамон, бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ҳар як ваҷаб қитъаи замин бояд оқилонаву самаранок истифода бурда шавад. Ба 20 нафар сокинони деҳаи Сафедоб муроҷиатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оиди пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус маводҳои таблиғотӣ, ниқобҳои тиббӣ ва маводи антисептикӣ аз ҳисоби Кумитаи иҷроияи ноҳия ройгон кӯмак расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg