
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи нақша–чорабиниҳо оиди пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди истифодаи самараноки қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш намуда, ба аҳолӣ ҷиҳати пешгирии ин вирус суҳбат намуданд. Дар ин росто ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизатӣ, маводҳои безараргардонӣ ва варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд.
Ҳамзамон, оиди риояи гигиенаи шахсӣ баъзе маслиҳатҳои муфид доданд.
Инчунин, ба аҳолӣ оиди самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои ба истилоҳ «президентӣ» ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дастурҳои судманд дода шуданд.