ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯз кормандони Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Истиқлолият” корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 идома дода истода, ба шаҳрвандон Муроҷиатномаи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро дастрас намуданд. Зимни сӯҳбати рӯ ба рӯ бо мардум огоҳонида шуд, ки аввалан ба ҳар гуна овозаҳо бовар накарда ба таҳлука наафтанд, бахусус, манзили худро тозаю озода нигоҳ доранд, гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ, риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ, дар вақти зарурат баромадан ба кӯча риоя намуда, саломатии хешро нигоҳ доранд.