ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва самаранок истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ бо усули “хона ба хона” миёни сокинони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Истиқлолият” бо иштироки гурӯҳи кории намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вохӯриву мулоқот баргузор гардид. Масъулони КИН зимни мулоқот ба сокинон ниқобҳои тиббӣ, муроҷиатнома ва маҳлулҳои антисептикиро тақдим намуданд.