БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДОИМО СОЛИМ БИМОНЕД!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19, риояи гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва риоя кардани масофаи ҳамдигарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Истиқлолият” бо иштироки фаъолони ҳизб аксия таҳти унвони “Доимо солим бимонед!”-ро роҳандозӣ намуд. Кормандони ҳизб зимни баргузории аксия ба сокинони маҳалла ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва муроҷиатномаҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақдим намуда, корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ дар бораи нишонаҳои беморӣ, роҳҳои пешгирии он ба шаҳрвандон маълумотҳо дода, тавсияҳо доданд, ки баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён бе зарурат ва напӯшидани ниқобҳои тиббӣ ба кӯча набароянд, хусусан, калонсолон саломатии худро нигоҳ доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg