НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба солимии аҳолӣ ва пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар деҳаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд. Дар рафти вохӯрӣ ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуда, таъкид гардид, ки аз тавсияҳое, ки дар маводҳои таблиғотӣ инъикос ёфтаанд, васеъ истифода намоянд. Инчунин, аз ҷониби масъулини ҳизб оид ба беҳдошти муҳити атроф, фарҳангу оини рӯзгордорӣ, омода намудани хӯрокҳои серғизову риояи гигиенаи шахсӣ корҳои фаҳмонадиҳӣ гузаронида шуд.