НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Сокинони шаҳри Норак ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода намуда, бо мақсади ба даст овардани ҳосили фаровон пайваста кӯшиш менамоянд.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак вобаста ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар порча замин, бо сокинони кӯчаи Раҳим Шодии минтақаи манзилии №2 шинос шуда, фаъолияти кишоварзии онҳоро хуб арзёбӣ намуданд. Сокинон иброз намуданд, ки пайваста талош меварзанд, то ки ҳар порча замини худро самаранок истифода намуда, аз он ҳосили фаровон ба даст оранд.